Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.06.2003 09:00, шаҳри Душанбе

6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд" имзо намуд.

Ҳадаф аз имзои қарор такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон мебошад.

Қайд карда мешавад, ки соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла онҳое, ки барои машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият бе ташкили шахси ҳуқуқӣ патент доранд, ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 20 фоиз аз даромади ба таври мустақилона аз тарафи онҳо эълоншаванда пардохти иҷтимоӣ месупоранд. Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки барои омода сохтани ҳуҷҷатҳои лозима чораҳои мушаххас андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520