8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдат бо намояндагони тоҷирону соҳибкорони мамлакат мулоқот кард.
Баъди суханронии Сардори давлат дар бораи вазъияти имрӯза ва равнақу ривоҷи ояндаи тиҷорату соҳибкорӣ дар заминаи фарҳангию қонунӣ, роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳое, ки ба равнақу ривоҷи тиҷорати хурду миёна ва фаъолияти хусусӣ монеъ мегарданд, сӯҳбати ошкоро сурат гирифт. Дар ҷараёни суҳбат на танҳо ба маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дастгирию ҳавасманд кардани соҳибкорӣ, балки вазифаҳои асосии он дар бобати мустаҳкам кардани заминаи моддии ҷараёни демократӣ сохтани ҷомеа ва бештар ба манфиатҳои мардум равона намудани дигаргуниҳои иқтисодӣ дар мамлакат диққати калон дода шуд.
Иштирокчиёни мулоқот пешниҳоди Президентро дар бораи таъсиси Шӯрои ҷумҳуриявии иқтисодӣ маъқул донистанд.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи тоҷирону соҳибкоронро ба зарурати боло бурдани дараҷаи донишҳояшон дар бораи тиҷорати ҷаҳонӣ, фарҳанги иттилоотӣ, забони компутерӣ ва қонунию ҳуқуқӣ ҷалб намуд. Вай саҳми занонро дар тарақиёти соҳаи тиҷорат махсус таъкид кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати самимона ва баҳсу мунозираи озодона бисёр фикру мулоҳиза ва таклифҳои муфиду асоснок пешниҳод шуданд, ки зимни қабули қарорҳои умумидавлатии сиёсӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба инобат гирифта хоҳанд шуд.