Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси амалкунандаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Нидерландия Яаап де Хуп Шеффер

11.07.2003 18:00, шаҳри Душанбе

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси амалкунандаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Нидерландия Яаап де Хуп Шеффер мулоқот намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои интихобот ва озодии иттилооти оммавӣ баҳои баланд дод.

Зимни мулоқот проблемаҳои марбут ба тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва истифодаи ҳуҷҷатҳои САҲА дар ин соҳа, мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷалби Афғонистон ба ҳамкорӣ дар доираи САҲА, ҳамкорӣ бо созмони мазкур дар бобати безарар гардонидани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон, таъмин намудани рафту омади озодона ва бемалоли одамон, мол, сармоя, хизмат ва коргарон дар қаламрави ҳамаи мамлакатҳои узви САҲА, пеш аз ҳама мамлакатҳои Осиёи Марказӣ,ислоҳоти системаи ҳабсхонаҳои давлатҳо, такмили қонунҳои ҷиноӣ ва ҷиноию мурофиавӣ, инчунин тақвияти меъёрҳои иқтисодию экологии ҳамкорӣ муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520