Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

06.08.2003 15:00, шаҳри Душанбе

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳбарони кумитаи тадорукот ва гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналхалқии Душанбе доир ба масъалаҳои оби тоза машварат баргузор намуд.

Дар ҷамъомад ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳими байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмонов таваҷҷӯҳи иштирокчиёни машваратро ба ривоҷи корҳои ободониву созандагӣ дар ҷараёни омодагӣ ба Форуми байналхалқии Душанбе оид ба оби тоза, ҷашни истиқлолияти давлатӣ, дигар чорабиниҳои калони дар пешистода, аз ҷумла конфронси байналмиллалӣ бо иштироки аъзоёни Бонки исломии рушд, бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ ва ғайра ҷалб намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520