Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

08.08.2003 19:00, шаҳри Кӯлоб

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 2700 - солагии Кӯлоб ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Ҳамон рӯз иншооти нахустини ба шарафи ҷашни Кӯлоб ба нақшагирифташуда-Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ба истифода дода шуд. Эмомалӣ Раҳмонов дар оғози сафар дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур иштирок намуд ва мақбараи мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан дар маросими ифтитоҳи боз як муассисаи ҷашнӣ - бахши кӯлобии Ҷамъияти саҳомии "Тоҷиксодиротбонк" ширкат варзид.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмонов бо рафти сохтмони чойхонаи "Истаравшан" шинос гардид.

Президенти ҷумҳурӣ ҳамчунин аз маҳалли сохтмони комплекси меъмории 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб боздид ба амал овард ва хишти аввали таҳкурсии комплекси ёдгориро гузошт.

Ба муносибати оғози сохтмони комплекси ёдгорӣ дар ин ҷо ҷамъомади серодам баргузор гардид. Сардори давлат зимни сӯҳбати озоду ошкоро бо заҳматкашон ёдовар шуд, ки давлату ҳукумат барои истиқболи муташаккилона ва сазовори ҷашни 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Эмомалӣ Раҳмонов сипас дар бинои ҳукумати шаҳр бо фаъолони шаҳри Кӯлоб мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамроҳонаш нимаи дуюми ҳамон рӯз бо фаъолияти баъзе хоҷагиҳои ноҳияи Кӯлоб аз наздик шинос гардиданд. Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Зиракии хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зимни мулоқот бо аҳли заҳмат масъалаҳои умдаи ҳаёти имрӯзаи кишоварзон барррасӣ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмонов баъдан бо рафти корҳо дар хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев шинос гардид. Зимни вохӯрӣ бо заҳматкашон масъалаҳои вобаста ба беҳтар сохтани шароити зиндагии мардуми деҳот, ташаккули расму оинҳо, масъалаҳои демографӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520