12 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳамоҳангсози доимии нави СММ дар Тоҷикистон Уилям Пейтон мулоқот дошт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаҳои махсуси СММ дар бобати расидан ба рушди устувор дар кишварро баррасӣ намуданд.