18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро "Дар бораи тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ ва иловапулӣ барои онҳо" имзо кард.
Тибқи Фармони мазкур Низомнома дар бораи тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ ва иловапулӣ барои онҳо тасдиқ гардид. Низомнома тартиби додани рутбаҳои тахассусӣ, иловапулӣ барои онҳо ва нигоҳ доштани онҳоро ҳангоми гузаштан ба дигар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ муқаррар мекунад. Ҳамчунин мутобиқати сатҳи тайёрии касбии хизматчиёни давлатиро ба талаботи тахассусӣ, ки барои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ муқаррар гардидааст, нишон медиҳад.
Иловапулӣ барои рутбаҳои тахассусӣ барои ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо заминаи моддӣ фароҳам меорад.
Тибқи Фармони мазкур имрӯз ба зиёда аз 12 ҳазор хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ рутбаҳои тахассусӣ дода шуда, аз 1 январи соли 2005 иловапулӣ барои онҳо пардохт шуда истодааст.