26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Рогендра Абянкарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои онро баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба вазъи минтақа мубодилаи афкор карданд.