27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи давлатии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи мухаддир Виктор Черкесовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар мубориза бар зидди истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври мушаххас баррасӣ намуданд.