Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш

26.09.2016 11:58, ноҳияи Лахш

Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360  сентнер мерасад.

Ба гуфти хоҷагидорон имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти картошка 200 гектар зиёд буда, истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна расонида мешавад.

Тавре зикр гардид, шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои рушди картошкапарварӣ мусоид буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд.

         Имсол аслан хоҷагидорон навъҳои серҳосили картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Сурхоб», «Рашт» ва «Шукрона», ки маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аст, кишт карданд.

Зимни сӯҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки имсол 1 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 8 хоҷагии коллективӣ ва 3 хоҷагии кишоварзии давлатӣ дар майдони 6 ҳазору 235 гектар зироатҳои гуногунро кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 54 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Дар маҷмуъ майдони боғот дар ноҳия 2 ҳазору 62 гектарро ташкил медиҳад, ки деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Дар ноҳияи Лахш соҳаи чорводорӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 800 сар расидааст, ба маъраз гузоштанд.

Имрӯз дар ноҳия 2417 сар чорвои калон ва 17807 сар моли майда мавҷуд аст.

Сипас дар шафати намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии картошка оғоз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол 320 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд.

Дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520