Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб бо 450 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

28.09.2016 09:10, ноҳияи Дарвоз

Баъди анҷоми маросими истиқболи гарму самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи лоиҳа иншоот аз чор қисм иборат буда, дар онҳо биноҳои таълимӣ барои 450 ҷойи нишаст дар як баст бунёд мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои технология, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷра барои ҷаласаҳои кумитаи падару модарон, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, ошхона барои 130 ҷой ва толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Арзиши лоиҳаи бунёди муассисаи таълимӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносои бо лоиҳаи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони масъул дастур доданд, ки муассисаро бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Аз рӯи таъкиди Президенти мамлакат бино бо маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бояд солҳои зиёд ба насли зодаи истиқлол хизмати бедареғ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520