Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло 7 августи соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2007 Донишгоҳи давлатии текстили шаҳри Москва ба номи А.Н.Косыгинро бо ихтисоси муҳандиси технологияи бофандагӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2007 ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди соҳаҳои индустралии Вазорати рушди иқтисод ва савдо оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2014 то феврали соли 2016 дар вазифаи муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2016 Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо медали «Хизмати шоиста» (2017) мукофотонида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017, №973 рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 2 дода шуд.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520