Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

04.10.2016 11:32, шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба як макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст.

Пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гуруҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.

Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии одамон, эҳсону муруват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромиш, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати Ҳамадонӣ дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд. Ҳамин аст, ки ин шахсияти шинохта на як бору ду бор, балки ҳамеша аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстонаи хеш соли 2015 ба муносибати 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқро баргузор карданд. Дар баромадҳои хеш олимони кишварҳои хориҷ пеш аз ҳама барои хислатҳои нодиру наҷиб, ташаббусҳои инсондӯстона ва қадршиносию гиромидошти олимону орифони миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ин иқдомҳои ибратбахш баҳои баланд доданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520