Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

05.10.2016 09:04, шаҳри Кӯлоб

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.

Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шуда соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11 ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани 3000 ҳазор донишҷӯй шароит фароҳам оварда шуда ҳамчунин хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ ҳамчунин бинои истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешавад.

Хотиррасон бояд кард, ки Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи дурнамои барномаи тараққиёти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 таъсис дода шуда  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва техналогияҳои муосири соҳавӣ мебошад. Ҳоло дар Донишкада дар 5 факулта аз рӯйи 35 ихтисос 2015 донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520