Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои минтақавии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб

05.10.2016 09:08, шаҳри Кӯлоб

Дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бино ва иншооти қисми минтақавии Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии тарҳи бино иттилоъ дода шуд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дода, анҷоми корҳои сохтмонӣ соли 2017 пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхонаи дорои 52 утоқи корӣ, ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 125 ҷойи нишаст, қисми навбатдорӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароити моддию техникии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маблағи қариб 20 миллион сомонӣ 14 иншооти гуногун барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки нишона аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сохторҳои қудратии мамлакат аст.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмон ва васлкунии рақами 2-и ҳамин вазорат аст.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ширкат барои иҷрои корҳои босифати сохтмон ва дар вақти муайяншуда ба охир расондани корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520