Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

14.10.2016 20:24, Арманистон

Имрӯз дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нахуст дар мулоқоти хосаи роҳбарони ҳайатҳо ва сипас дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Нишасти навбатӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев баргузор шуд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷумла масоили марбут ба Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ барои то соли 2025 ва тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди терроризм мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати муборизаи муштараку беамонро бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизму зӯроварӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуда таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ҷалб сохтанд.

Бо таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон боиси афзоиши хатару таҳдидҳои муосир гардида амнияту суботи минтақаро халалдор менамояд.

Зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳонро махсус таъкид намуда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ягонаи худ дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад ва дар ин самт аз мувофиқаҳои дар доираи СААД ба даст омада ҷонибдорӣ менамояд.

Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Изҳороти муштараки Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қабул шуда як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520