Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ

26.10.2016 17:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал - Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт ва муассисаҳои хайриявии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Давлати Кувайтро амри зарурӣ маънидод карда, иброз доштанд, ки ҷалби сармояи ҷониби Кувайт баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия фоидаовар мебошанд.

Таъкид гардид, ки имкон аст тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ тарҳу лоиҳаҳои судовар дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли оби баландсифату хуштаъми Тоҷикистон низ амалӣ карда шаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд доир карданд.

Дар мулоқот вобаста ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ва коҳиш додани таъсири буҳронҳои молиявию иқтисодӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Дар охир ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим таъкид намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520