Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин

10.11.2016 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид ба амал оварданд.

Маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Маврди зикр аст, ки ба хотири рушди соҳаи варзиш дар саросари ҷумҳурӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдону толорҳои зиёди муосири варзишӣ бо ҳазорҳо ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар иншоот бунёд шудаанд, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ин соҳа мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520