Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ»

11.11.2016 11:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ба ин хотир ин макон ба таври идона ороста шуда буд. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.

Ҷамъомад ба хотири ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ бо ворид шудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокчиён баргузории ин ҳамоиши фарҳангиро муборакбод гуфта, оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки иштирокчиён бо истифода аз фурсати мусоид аз манзараҳои рангини кишвари мо, аз ҷумла зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои мухталифи диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд.

Сипас дар чорабинии байналмилалӣ аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни он Роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун баромад карда, ба меҳмони олиқадр барои ширкат дар ин чорабинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард ва аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати нопайдоканори тоҷикон армуғони хотиравӣ як мусаввараи нодир тақдим намуд.

Дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ», ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра супорида шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипас дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»-ро расман ифтитоҳ намуда бо ҳунару санъати волои рассомон ва намунаи офаридаҳои онҳо аз наздик шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногуни дунё аз Осорхонаи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, боздид ба амал оварданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520