Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд

18.11.2016 09:26, шаҳри Сарбанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони шаҳри Сарбанд бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар чаҳорчӯбаи боздиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ ошноӣ пайдо карданд. Зикр рафт, ки Неругоҳи барқи обии Сарбанд дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд.

Давоми фаъолияти тӯлонии худ неругоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати оромию суботи ҷомеа, фазои мусоиди инвеститсионии кишвар ва бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати беҳтар намудани соҳаи энергетика, тамоми чораҳо андешида шуда, бо ҷалби сармояи байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш сомон ёфт.

Дар ҳамин замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ва Бонки Рушди Осиё оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт” ба имзо расид, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи қисми якуми лоиҳа, ба анҷом расонидани таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5, таъмири асосии гидроагрегатҳои рақамҳои 3,6, таҷдиду азнавсозии дарғотҳои обпарто, таъмири механизмҳои борбардор, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, системаи сӯхторхомӯшкунӣ, иваз намудани автотрансформаторҳои қудратии рақамҳои 2 ва 3, сохтани бинои нави маркази идоракунии неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, соҳилмустаҳкамкунии дарё ва канали пайвасткунанда дар назар аст. Дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди зеристгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 киловолта, таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 35 ва 6 киловолта амалӣ карда хоҳад шуд.

Аз ҷумла соли 2004 бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон як адад автотрансформатори нави сефаза бо тавоноии 250 мегаватт бо маблағи қариб 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин дар доираи таҷдиди неругоҳ сохта ба истифода додани хатти барқии 220 киловолта байни НБО-и “Сарбанд” ва НБО-и “Сангтӯда-2” ва иваз кардани 64 адад ҳисобкунаки электронии истеҳсоли Шветсия сурат гирифт. Мувофиқи барномаи ЛОТ-2 бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди гидроагрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии Сарбанд ҳанӯз соли 2012 ба анҷом расонида шуда, айни ҳол дар ҳолати хуби корӣқарор дорад ва бо тарзи компютерӣ идора карда мешавад. Маблағи сарфшуда барои анҷоми ин тадбир 13 миллиону 951 359 доллари амрикоиро ташкил дода, амалӣ карда шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо кори иншоот ва ҷараёни татбиқи лоиҳа, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки тадбирҳои барқарорсозӣ дар ин неругоҳ ба таври матлуб ба роҳ монда шавад. Тавре хабар дода шуд, дар Неругоҳи барқи обии Сарбанд 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад.

Сипас Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ошноӣ бо фаъолияти Неругоҳи бақи обии Сарбанд дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои лавҳаи Лоиҳаибарқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ бардошта, ба оғози ин тадбир асос гузоштанд.

Пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф шуданд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.

Дар ҷараёни боздиди кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некӯаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520