Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

23.11.2016 17:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шуд.

Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисо раиси ноҳия таъин карда шуд.

Ҳамчунин дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520