Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия

01.12.2016 18:25, Чехия

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия руйдоди пурарзиш маънидод намуданд.

Интизор меравад, ки имрӯз баъди анҷоми кори Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия боз ду санади нав - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520