Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех

02.12.2016 21:34, Чехия

Дар шаҳри Прага Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки густариши ҳамкориҳои гуногунҷониба, аз ҷумла рушди равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Чехия яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Таъкид гардид, ки боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Чехия аз кишварҳои ҳамдигар, музокироти дӯстонаву созандаи онҳо, инчунин санадҳое, ки дар ҷараёни ин боздидҳо ба имзо расиданд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун омили муассири рушди ҳамкориҳои фарогири кишварҳо арзёбӣ карданд  Бо назардошти рушди ҷомеа ворид кардани ислоҳот ба низоми меъёрию ҳуқуқӣ ва омӯзиши меъёрҳои пешрафтаи низоми парлумонӣ амри зарурӣ шуморида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҳасмсуҳбатон ба масъалаи таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзада, бахусус Афғонистони ҳамсоякишвари мо, барои бартараф кардани заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии қазияи сиёсию низомии ин мамлакат андешаронӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520