Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек

02.12.2016 21:43, Чехия

2 декабри соли 2016 масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Чехия аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани ҳамкорӣ самтҳои гуногун ва афзалиятнокро барои таҳкими муносибатҳо интихоб кардаанд ва ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.

Дар ин робита таъсиси Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Чехия яке аз омилҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чехия маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин мавзуъҳои дигари равобити дуҷониба баррасӣ шуда, вобаста ба имконоти сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва молиявии Чехия ба раванди рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва технология нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520