Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линн

07.12.2016 12:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо саҳми институтҳои молиявиро дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамоем ва истифодаи таҷрибаи онҳоро барои пешрафти иқтисодӣ судовар медонем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муасир мегузоранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520