Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2»

08.12.2016 11:10, шаҳри Душанбе

Ҳозирини муҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!

Дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бевосита дорад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, ҳусусан солҳои охир бунёд намудани инфрасохтори онро вусъат бахшида истодааст.  

Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо нерӯи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем.

Маҳз бо ҳамин мақсад имрӯз боз як иншооти муҳимми энергетикии кишвар – навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро бо иқтидори 300 мегаватт нерӯи барқ ва 167 гигакалория гармӣ ба истифода супоридем.

Ба ин муносибат кормандони соҳаи энергетика ва шумо - ҳозирини гиромиро табрик гуфта, ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки дар бунёди маркази барқу гармидиҳӣ саҳми шоиста гузоштаанд, миннатдории самимона баён менамоям.

Бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 2” - ро лоиҳаи комплексӣ ё маҷмааи истеҳсолӣ гуфтан ҷоиз аст, зеро дар доираи он дар баробари насби лӯлаҳои гармигузар ба масофаи зиёда аз 20 километр ва бунгоҳи гармитақсимкунӣ, ҳамчунин, сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110 киловолтаи «Шаҳринав», «Хонақо», хатти интиқоли барқи 110 - киловолта байни зеристгоҳҳои мазкур, сохтмони 17 километр роҳи мошингард, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ барои 6240 нафар хонанда ва як пули мошингард дар болои дарёи Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳоло иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ бо дарназардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт – соат нерӯи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз расонида шуд.

Гармие, ки истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани манзили сокинони шаҳри Душанбе, муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ ва дигар иншооти пойтахти мамлакат равона хоҳад гардид.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба анҷом расидани лоиҳаи имрӯза бозгӯи сатҳи баланди шарикии созанда ва ҳамкории босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Хитой дар соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи навбати дуюм дар доираи шартномаи байни ширкатҳои «Барқи Тоҷик» ва «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст.

Баробари пайваст шудани иншооти имрӯза ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат иқтидори умумии марказҳои барқу гармидиҳии кишвар ба 800 мегаватт баробар мешавад, ки 50 фоиз ё 400 мегаватти он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.

Инчунин, дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт – соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуда, дар натиҷа таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли гузашта 16 фоиз афзоиш меёбад.

Агар солҳои охир дар фасли тирамоҳу зимистон ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ 45 - 48 миллион киловатт - соат нерӯи барқ интиқол шуда бошад, пас бо оғоз гардидани фаъолияти маркази имрӯза ин нишондиҳанда 52-55 милион киловатт - соатро ташкил хоҳад дод.

Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба нерӯи барқ қонеъ намояд.

Тибқи маълумоти коршиносон аз ҳисоби истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии нерӯи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти аҳолии кишварро бо нерӯи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.

Чунонки сокинони шаҳри Душанбе дар хотир доранд, чанд сол пеш масъалаи таъминот бо гармӣ ва кам кардани истифодаи нерӯи барқ ба яке аз масъалаҳои бисёр мушкил табдил ёфта буд.  

Бо сабаби норасоии гази табиӣ ва нокифоя будани таъминот бо оби гарм дар фасли зимистон ҳоло пойтахти кишварамон ба яке аз истифодабарандагони бузурги нерӯи барқ табдил ёфтааст.  

Тибқи маълумот агар дар фасли гармо дар пойтахт дар як шабонарӯз то панҷ - панҷуним миллион киловатт – соат нерӯи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то ба 14 – 15 миллион киловатт - соат мерасад.  

Аз ҷониби дигар, бо дарназардошти он, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт фаъолият мекунад, мо имкон пайдо менамоем, ки аз захираҳои дохилии кишвар фаровон истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли ангиштро низ афзоиш диҳем.

Бояд гуфт, ки баробари ба фаъолият оғоз кардани корхона зиёда аз 700 нафар шаҳрвандони кишвар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Чин фаъолона ширкат намуда,   мутахассисон ва сохтмончиёни иншооти энергетикии кишвар таҷрибаву малакаи касбии худро дар ин самт такмил доданд.

Дар баробари ин, барои таъмин намудани фаъолияти муназзами марказ 150 нафар мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таҳсилу таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар раванди корҳои сохтмон 100 нафар мутахассисони тоҷик аз ҳамкасбони чинии худ таҷрибаи идоракунии марказро аз худ намуда, имрӯз дар дастгоҳҳои назоратии марказ мустақилона фаъолият мекунанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Айни замон бо мақсади пайваст кардани шоҳқубури гармидиҳӣ ба шабакаҳои гармигузаронии шаҳр ва дигар иншооту биноҳо корҳои васлкунӣ идома доранд.

Баробари ба истифода супоридани маркази мазкур мушкилоти гарм намудани манзилҳои зисти сокинон ва фаъолияти муназзами корхонаву муассисаҳо дар фасли тирамоҳу зимистон дар самти истифодаи нерӯи барқ се баробар кам гардида, дар навбати худ имконият фароҳам меорад, ки барқи аз ин ҳисоб сарфашуда ба шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт интиқол дода шавад.

Дар робита ба таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву идораҳо ва аҳолии пойтахтро бори дигар хотиррасон менамоям, ки корҳои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои буғ ва оби гарм ва пайвастани хонаҳои истиқоматиро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода, ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи гармии истеҳсолшаванда ва нерӯи барқ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Боз як афзалияти дигари маркази нави барқу гармидиҳиро зикр бояд кард, ки дар он бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дуди ангишт аз полоиши барқӣ (электрофилтр) гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоизи он безарар гардонида мешавад.

Баъдан хокистари ангиштсанг ба сифати партови истеҳсолӣ барои истеҳсоли семент истифода мегардад.

Ин ҳама нишонаи он мебошад, ки Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳамчун лоиҳаи муваффақи энергетикӣ манфиатбахш будани худро собит месозад ва ба кор оғоз намудани он, бешубҳа, боз як қадами устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, яъне амалӣ гардидани ҳадафи стратегии кишварамон мебошад.

Вале бояд гуфт, ки ҳарчи бештар ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мамлакат аз заҳмати софдилонаи ҳар як фарди ҷомеа ва муносибати ғамхоронаву сарфакоронаи тамоми шаҳрвандон вобаста мебошад.

Зеро дар баробари афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ шумораи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ низ зиёд гардида, талабот ба нерӯи барқ торафт афзуда истодааст.

Аз ин хотир, зарур аст, ки дар баробари дигар чорабиниҳо барои нигоҳ доштани тавозун байни истеъмолу истеҳсол, воридот ва истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ва сарфаи нерӯи барқ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти кишвар ҳамаи чораҳо амалӣ карда шаванд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки иншооти имрӯза боз як нишонаи заҳмати софдилонаи энергетикҳои мамлакат дар соли ҷашни муқаддаси биступанҷсолагии истиқлолияти давлатӣ ва туҳфаи арзанда ба сокинони пойтахти давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Бори дигар ҳамаи сокинони пойтахтро ба муносибати оғози фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” табрик гуфта, ба бунёдкорону мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони иншооти муҳим саҳми ватандӯстона гузоштаанд ва фаъолияти минбаъдаи онро таъмин мекунанд, саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520