Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка

13.12.2016 12:27, Шри-Ланка

Субҳи рӯзи 13 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка бо маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр дар назди Қасри Президенти Шри-Ланка  оғоз гардид.

Барои пазироии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Шри - Ланка парафшонӣ дошт.

Дар расми истиқболи меҳмони олимақом горди президентӣ, оркести фахрӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҳузур доштанд ва ба ин хотир чорабинии бошукуҳу хотирмон сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Япа Сирисена гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Сипас маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди президентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.

Масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри - Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки “Мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард”.

Таъкид гардид, ки  рушди ҳамкории судманд ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани имконоти фарохи робитаҳо ба манфиати мардумони ду кишвар мебошанд.

Ҷонибҳо оид ба дарёфти роҳҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри - Ланка табодули андеша карда, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри - Ланкаро мувофиқи мақсад шумурданд. Ҳамчунин ташаккули заминаи ҳуқуқии муносибатҳо омили муҳими истифодаи захираҳо ва имконоти мусоид баҳри тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду саноат номида шуд.

Зимни мулоқот ҷалби сармояи Шри - Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масоили ҳамкорӣ дар бахши туризм, рушди индустрияи туризм ва инфрасохтори он ва робитаҳо дар бахши илму маориф баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки туризм ҳам метавонад соҳаи ояндадору фарохи ҳамкорӣ бошад.

Дар доираи ҳамкорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвари мо ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд доир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Шри - Ланка баҳри дастгирии ташаббуси нави Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии сатҳи баланди ҳукумат ва мардуми Шри - Ланка изҳори сипос намуданд ва аз ҳамтои худ Майтрипала Япа Сирисена даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд. 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шри - Ланка Майтрипала Япа Сирисена маросими имзои ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 4 санади дуҷониба ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид. Имрӯз ҳамчунин мулоқотҳои дигар бо намояндагони воломақоми ин кишвар дар назар дошта шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520