Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри -Ланка Кару Ҷаясурия

14.12.2016 11:19, Шри-Ланка

Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри -Ланка Кару Ҷаясурия баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳандозии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ омили муассири рушди муносибатҳои фарогири байнидавлатӣ буда дар ташаккули заминаи ҳуқуқии онҳо нақши муҳим мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавзӯи ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳо қарор гирифта дар ин замина ҷиҳати таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шри-Ланка тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тавассути оғози бобарори робитаҳои байни парлумонӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани сатҳу сифати муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шри-Ланка парлумонҳои ҳар ду давлат нақши босазо хоҳанд гузошт.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тулонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520