Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон

17.12.2016 13:49, Ҳиндустон

17 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт.

Зимни ворид шудани меҳмони олимақом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ ва Сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя, меҳмони олимақомро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон ба майдони Раҷ Гҳат, ки Ёдгории Маҳатма Гандӣ дар он ҷо воқеъ аст, ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Сарвари давлатро дар ин маросим намояндагони ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи китобҳои Маҳатма Гандӣ туҳфа карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520