Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай

17.12.2016 22:55, Ҳиндустон

Имрӯз дар шаҳри Ню Деҳлӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тазаккур бояд дод, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520