Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи табрикии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон

22.12.2016 10:09, шаҳри Душанбе

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли ҷорӣ қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям.

Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд.

Ҷаноби Олӣ, ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ғанимат мешуморам».

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520