Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

04.01.2017 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин тамманниёти хешро иброз намоям.

Тоҷикистону Хитой  ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд.  Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад. Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор  меоварад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву  мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд. Ҷонибҳо Аҳдномаро “Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида, муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, ки ба марҳалаи наву муҳимми рушди худ ворид мешавад, ҷиддан пеш  бурдаанд. Ҷониби Хитой аз натиҷаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамояд ва ба ояндаи неки тавсеаи онҳо итминони комил дорад.

Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар,  саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ  қотеона пуштибонӣ менамояд.  Ба муносибати   25-солагии  ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо омодагии хешро ҷиҳати - дар якҷоягӣ бо Шумо - минбаъд ҳам таҳким бахшидани эътимоди мутақобилаи сиёсӣ, таъмиқи ҳамкорӣ ба хотири эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ” ва мунтазам ба зинаҳои нав баланд бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии Хитою Тоҷикистон бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон иброз медорам.

Орзуманди таҳкиму рушди пайвастаи дӯстии Хитою Тоҷикистон мебошам.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳо орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520