Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
таъин намудани Ҳакимзода Н.Ҳ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 январи соли 2017
№810

 

 

ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ 4 октябри соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2007 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии соҳаи роҳ хатм намудааст.
Соли 1983 фаъолияти меҳнатиашро дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди РСС Тоҷикистон ҳамчун иқтисодчии трест оғоз намуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, Иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати «Элтес» кор кардааст.
Аз соли 2001-2011 дар вазифаи Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб фаъолият намудааст.
Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 17 январи соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.
Соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520