ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 12 январи соли 2017 №5
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии
«Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии
«Роғун» озод намудани Самӣ Шариф Ҳамид
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Самӣ Шариф Ҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон