2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Чжаосинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни музокирот ҷонибҳо ба ҷанбаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии муносибатҳои дуҷониба диққати калон доданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ мусоҳибон зарурати ташкили заминаи кофии ҳуқуқиро барои муборизаи муштарак бар зидди ҳама намуди зуҳуроти терроризм, сепаратизм ва экстремизм таъкид карданд.