Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони берунмарзӣ

07.09.2003 12:00

7 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони берунмарзӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои анҷуман баргузор гардид.

Дар сухани ифтитоҳӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ва рӯзҳои таҷлили ҷашни ҳазораи мутаффакири бузурги тоҷик, шоир ва файласуф Носири Хусрав сурат гирифтани ҷаласаи Шӯрои анҷуман рамзисту ифодагари ҳамбастагии фарҳанги волою қадимаи мост.

Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки минбаъд Шӯрои анҷумани тоҷикон ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар Душанбе барпо мегардад.

Сипас, тибқи рӯзнома ҷаласаи Шӯро муовини аввали раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони берунмарзӣ, раиси ҷамъияти "Пайванд" Абдуқодир Маниёзов сухан карда, доир ба корҳои анҷомдодашуда дар тӯли як соли баъди Анҷумани панҷуми "Пайванд" гузориш дод. Ӯ зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба фаъолияти ин созмони бонуфуз ғамхорӣ мекунад, аз ҷумла, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои интишори маҷаллаи "Пайванд" маблағи муайян ҷудо намуд. Абдуқодир Маниёзов аз фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷа будаи тоҷикон ва форсизабонон ёдовар шуда, хизматҳои онҳоро дар ташаккули фарҳанги ягонаи тоҷикон дар рӯи олам қайд намуд.

Дар ҷаласа раиси Ҷамъияти "Рӯдакӣ"-и Фаронса, раиси Ҷамъияти тоҷикони Англия Саидҷалоли Бадахшонӣ, раиси Ҷамъияти "Офтоби Суғдиён"-и Бухоро Аминҷон Шукуров ва чанде дигарон баромад намуданд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯро сухан карда, аз ваҳдати миллати тоҷик ва эҳтиром гузоштан ба ин ваҳдат ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмонов таъқид намуд, ки барои ҳифзи забону фарҳанги қадимаи худ бояд бештар кӯшиши намоем.

Ҷаласаи Шӯро масъалаҳои дигари рӯзномаро баррасӣ намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520