10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов телефонӣ сӯҳбат кард.
Дар ҷараёни сӯҳбат асосан вазъияти иқтисодиёт ва пеш аз ҳама вазъи соҳаи кишоварзӣ муҳокима карда шуд.
Раиси вилояти Суғд ба Президент дар бораи ҷараёни омода сохтани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон маълумот дод.
Сардори давлат дар бобати беҳтар кардани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт, ки ҳадафи онҳо ҳалли проблемаҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва саривақт баррасӣ намудани аризаю шикоятҳои онҳо мебошад.