22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, яъне терроризм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба таври мушаххас ва муфассал муҳокима карданд.