26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ташкил намудани савдои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон" ба имзо расонид.
Қарори мазкур бо мақсади таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя ба имзо расонида шуд.
Тибқи қарори мазкур қаламрави шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳ, Нов, Конибодоми вилояти Суғд, ноҳияи Ҷиргатол ва шаҳри Турсунзода минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар гардиданд.