6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои пахтакори мамлакат, инчунин роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва бонкҳо оид ба ҳолати ташкили ҷамъоварии пахта машварат доир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни имрӯзаи ғунучини ҳосили пахтаро дар кишвар ҳамаҷониба таҳлил намуда, зикр сохт, ки тайи 4 рӯзи охир суръати ҷамъоварии ҳосил хеле паст шудааст.
Дар машварат ба масъалаҳои ҳамкории миёни хоҷагиҳои кишоварзӣ бо сармоягузорон диққати махсус дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмонов роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаро вазифадор сохт, ки дар масъалаи ташкили кор, сафарбаркунии қувваи қобили меҳнат ба саҳро ва ҳавасманд гардонидани саривақтии онҳо чораҳои бетаъхир андешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қотеона талаб намуд, ки дар масъалаи то кӯраки охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосил тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созанд.