Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Тоҷикобод Сироҷиддин Исроилов

09.10.2003 15:00, шаҳри Душанбе

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Тоҷикобод Сироҷиддин Исроилов сӯҳбати телефонӣ дошт.

Зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи асосӣ ба иҷрои он супоришу дастурҳое, ки зимни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Тоҷикобод моҳи августи соли ҷорӣ ба миён омада буданд, равона гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси ноҳияро ҷиҳати азхудкунии маблағҳое, ки барои бунёди шаҳраки Тоҷикобод, беҳдошти вазъи муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва таъмиру тармими омӯзишгоҳи ноҳия ҷудо шуда буданд, шунид.

Сардори давлат дар робита ба ин мавзӯъҳо ба раиси ноҳия супоришу дастурҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520