Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2004"

25.10.2003 09:00, шаҳри Душанбе

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2004" ба имзо расонид.

Қарори мазкур бо мақсади ташкили истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон ба имзо расонида шуд.

Тибқи қарор раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифадор гаштанд, ки барои дар соли 2004 самаранок ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар лагеру минтақаҳои истироҳатӣ дар буҷет маблағҳои заруриро ҷудо намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520