28 октябр дар Ҷакарта мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Индонезия Мегавати Сукарнопутри доир гардид. Сарони давлатҳо роҳҳои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳарду ҷониб имкониятҳои васеи ҷоннок намудани ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро доро мебошанд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатиро муҳокима карданд. Президентхо ба вазъи Афғонистон диққати калон доданд.
Баъди анҷоми музокирот дар ҳузури Президентҳои Тоҷикистон ва Индонезия маросими имзо кардани санадҳои дуҷониба доир гардид.