13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ директори Департаменти дуюми Аврупоии Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷон Одлинг Смиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмараи пешрафти ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва хусусан бо ХБА баррасӣ намуданд.