24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро қабул намуд.
Зимни мулоқоти баъди маросим доиргардида ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои дуҷониба ва вазъи Осиёи Марказӣ ва хусусан Афғонистонро баррасӣ намуданд.