28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали директори хадамоти федералии амният, роҳбари Хадамоти сарҳадбонии Фередатсияи Россия Владимир Проничевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбати созанда ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Руссияро дар соҳаи амният ва сиёсати сарҳадбонӣ дар доираи ИДМ баррасӣ намуданд. Мусоҳибон ҳамчунин ба мавзӯи тавсеаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон диққати махсус доданд.