13 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Конгресси ИМА-ро бо сарварии Ҷим Колби ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро муҳокима карданд. Ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои минтақавӣ мубодилаи афкор доир гардид.
Зимни муҳокимаи вазъи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки "бе таъмини шароити иқтисодӣ барои рушди минбаъдаи Афғонистон дар бораи ҳатто суботи нисбӣ дар ин кишвар ҳарф задан имконнопазир аст".