16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти федералии сарҳадбонии Россия генерал-полковник Константин Тотскийро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум мусоҳибон масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории Тоҷикистону Россияро дар соҳаи ҳифзи сарҳадоти давлатии хориҷии ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин оид ба таҳаввулоти вазъият дар марзҳои ҷанубии ИДМ бо назардошти вазъи минтақа ва дурнамоии банизомдарорӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон мубодилаи афкор доир гардид.