Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак

22.01.2002 17:00, шаҳри Душанбе

22 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбати телефонии пурмӯҳтаво Сарони давлатҳо нисбати маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба мавзӯъҳои банизомдарории сиёсии ниҳоӣ дар Афғонистон, барқарорсозии баъдинизоъӣ дар ин кишвар, ҳамкорӣ дар расондани кӯмаки башардӯстона ва иқтисодӣ ба он, ба роҳ мондани машваратҳои доимии Тоҷикистону Фаронса ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра мубодилаи афкор карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Президенти Фаронсаро даъват намуд, ки ба ташаббуси Тоҷикистонро ҷиҳати ақди Созишнома оид ба шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520