Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Чин кишвар Исмоил Аймат

22.01.2002 18:00, шаҳри Душанбе

22 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Ҷумҳурии Халқии Чинро бо сарварии узви Шӯрои давлатии ин кишвар Исмоил Аймат ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид, масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, ҳамгироии ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, вазъи минтақа ва барқарорсозии Афғонистон муҳокима гардиданд.

Зимни баррасии масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони Шанхай мусоҳибон изҳори боварӣ карданд, ки ин сохтор дар асоси ҳамкории бисёрҷониба ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа таъсири мусбат мерасонад.

Мусоҳибон ҳамчунин баъзе масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520